Маросими супоридани лавозимот ба КДАМ ҶТ
8-уми феврали соли 2022 маросими расмии супоридани лавозимоти ҳарбӣ ба масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 1540 баргузор гардид.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ Илҳом Мирсаидзода ба ҳайси ҳамоҳангсози миллӣ лавозимоти ҷангиро барои истифода аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазорати энергетикаи ИМА интиқол дод.
Лозим ба тазаккур аст, ки кӯмаки техникӣ дар доираи иҷроиши лоиҳаи амнияти сарҳадҳои сабз, ки ба таҳкими инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон нигаронида шудааст, расонида мешавад.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур тибқи интиқоли махсус ба нақша гирифта шудааст, ки он аз либос, зиреҳи бадан, таҷҳизот барои амалиёт дар минтақаҳои кӯҳӣ, шаклҳои махсуси муҳофизатӣ ҷиҳати поксозӣ, асбобҳои биниши шабонарӯзӣ, дурбин, монокулярҳо, дастгоҳҳои қабул ва мухобиравӣ (радиостансияҳо), мошинҳои махсуси ҳарбӣ, инчунин мошинҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти ҳассос бо мақсади муайян кардани трафики ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ ҷиҳозонида шудаанд, иборат мебошад.